Президенти Абхозистон Аслан Бжания пас аз эътирозхо истеъфо дод – ИА Караван Инфо
Президенти Абхозистон Аслан Бжания пас аз эътирозхо истеъфо дод

Президенти Абхозистон Аслан Бжания пас аз гуфтушунидхои тулони байни намояндагони хукумат ва мухолифин аризаи истеъфоро имзо намуд. Хадамоти матбуоти Сарвари давлат карори уро тасдик намуд.

 Протестующие на площади у администрации президента в Сухуми. ©️ instagram/newsabkhazia“Бо максади нигох доштани субот ва тартиботи конститутсиони дар кишвар, тибки моддаи 65 Конститутсияи Чумхурии Абхозистон, ман аз вазифаи президенти Чумхурии Абхозистон истеъфо медихам”, — гуфта мешавад дар изхороти Бжания. 

Тибки ин санад, эътирозгароне, ки мачмааи бинохои хукуматиро дар Сухум ишгол намудаанд, бояд то 19 ноябр пароканда шаванд. Дар сурати риоя нанамудани ин шарт, Бжания хукуки бозхондани аризаи истеъфоро нигох медорад.

Ичрокунандаи вазифаи президент ноиби президент Бадра Гунба шуд. Сарвазир Александр Анкваб низ аз вазифа озод намуда шуд, чои уро Валерий Бганба гирифт. Вазирони амалкунанда то ба вазифаи сарвари нави давлат дохил шудан вазифаи худро муваккатан ичро мекунанд.

Мархилаи фаъоли муковимат 15 ноябр огоз ёфт, вакте ки эътирозгарон дар назди парлумон чамъ омада, талаб намуданд, ки лоихаи конун дар бораи тасдики созишномаи сармоягузори бо Русия рад намуда шавад. Мухолифин мегуянд, ки татбики созишнома метавонад боиси гарон шудани манзил гардад ва барои тичорати хурду миёна хатар эчод кунад. 

Вазъият бадтар шуд, вакте ки эътирозгарон бинои хукуматро штурм намуданд, панчарахоро шикастанд, дархоро шикастанд ва мачмааро ишгол намуданд, ки то истеъфои президент тарк намудани онро рад намуданд. 

Мухолифин инчунин баргузории интихоботи гайринавбатии президентиро талаб мекунанд. Дар шароити ташаннучи сиёси кишвар ба давраи гузариш омодаги мегирад, ки ба эътидол овардани вазъ ва ташкили раванди интихобот равона намуда мешавад.

Аксхо: instagram / newsabkhazia

error: