Президенти Аморати Муттахидаи Араб Мухаммад Бен Заид Ал Нахайян ба Рахбари Русия Владимир Путин салом фиристод ва ба рушд ва шукуфоии минбаъдаи Русия изхори умед намуд.

Ин паём дар чараёни мулокоти президенти АМА бо муовини аввали раиси хукумати Русия Денис Мантуров, ки хайати русияро дар Аморат рохбари мекунад, пахш намуда шуд. Дар посух у салом ва орзухои бехтарини Владимир Путинро ироа намуд.
Хангоми гуфтушунидхо чонибхо масъалахои хамкории дучонибаро дар сохахои тичоратию иктисоди ва фарханги-гуманитари барраси намуданд. Ба хамкори дар сохаи сайёхи диккати махсус дода шуд: соли гузашта такрибан ду миллион сайёхони русия ба АМА ташриф оварданд ва беш аз 67 хазор шахрвандони Аморат ба Русия омаданд. Дар айни замон байни кишвархо дар як хафта зиёда аз 300 парвози мунтазами мусофирбари анчом дода мешавад.
Хамчунин, дар вохури хамкории варзиши, аз чумла баргузории мусобикаи байналмилалии бисёрсохавии варзишии “Бозии оянда”, ки имсол дар АМА баргузор мешавад, мавриди барраси карор гирифт. Мантуров изхори омодаги намуд, ки тачрибаро мубодила кунад ва дар ташкили мусобикахо кумак расонад.
Аксхо: аз манбаъхои кушода