Президенти Қазоқистон бо раиси ФИФА мулоқот намуд – ИА Караван Инфо
Президенти Қазоқистон бо раиси ФИФА мулоқот намуд

Остона, 24 сентябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Президенти Қазоқистон Касим-Жомарт Токаев бо Президенти федератсияи Байналмилалии футбол (ФИФА) Ҷанни Инфантино мулоқот намуд.

Дар ҷараёни мулоқот Касим-Жомарт Токаев ба ФИФА барои дастгирӣ дар татбиқи барномаи Fifa Arena, ки ба рушди футболи кӯдакон ва ташкили инфрасохтори муосири варзишӣ равона шудааст, ташаккур гуфт.

Сарвари давлат изҳори боварӣ намуд, ки ҳамкорӣ бо ФИФА ба Қазоқистон имкон медиҳад, ки намунаи рушди босуръати футбол дар минтақа гардад. Ҷанни Инфантино, дар навбати худ, омодагии федератсияро барои мусоидат дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ки ба баланд бардоштани сатҳи футболи миллӣ равона шудаанд, тасдиқ намуд.

Акс: Акорда

error: