Президенти Чумхурии Точикистон Мухтарам Эмомали Рахмон бо Президенти Чумхурии Беларус Мухтарам Александр Лукашенко сухбати телефони анчом дод.

Сарвари давлат Александр Лукашенкоро бо интихоби дубора ба макоми олии давлатии Чумхурии Беларус самимона табрик гуфта, ба у саломати ва муваффакиятхои нав ба манфиати рушд ва пешрафти минбаъдаи мардуми дусти Беларус таманно намуд.
Дар рафти сухбат Пешвои миллат сахми Александр Лукашенкоро дар тахкиму густариши муносибатхои байнидавлатии точикистону беларус кайд намуданд. Дар ин замина, ба динамикаи хуби рушди шарикии стратегии ду кишвар ишора намуда шуд.
Эмомали Рахмон хамчунин ба Александр Лукашенко дар робита ба интихоби дубора ба макоми президенти телеграммаи табрики фиристод.
Интихоботи президенти дар Беларус 26 январ баргузор шуд. Раиси кунунии Беларус Александр Лукашенко, тибки маълумоти пешаки, дар интихобот бо натичаи 86,82% пируз шуд. Хамин тарик, Лукашенко барои мухлати хафтум дубора интихоб шуд ва рохбарии худро дар кишвар се дахсола тамдид намуд. Натичахои нихоии интихобот дар давоми 10 руз на дертар аз 5 феврал аз чониби СИХК чамъбаст намуда мешаванд.