Президенти Казокистон хамкори ветнамии худро табрик гуфт
Касим-Жомарт Токаев ба Президенти нави Чумхурии Сотсиалистии Ветнам Лионг Кионг телеграммаи табрики фиристод.

Дар паёми худ Президенти Казокистон кайд намуд, ки пирузии Лионг Кионг дар интихобот шаходати равшани дастгирии курси сиёсии у аз чониби мардум мебошад. Ин курс ба ноил шудан ба суботи иктисоди, бехтар намудани некуахволии шахрвандон ва баланд бардоштани эътибори байналмилалии Ветнам равона шудааст.
Токаев изхори омодаги намуд, ки барои тахкими минбаъдаи муносибатхои байни Казокистон ва Ветнам, ки ба дусти ва хамдигарфахми асос ёфтаанд, хамкори кунад. Вай ба Лионг Кионг дар фаъолияти пурмасъул муваффакият ва ба мардуми Ветнам некуахволи ва шукуфои орзу намуд.
Аксхо: Акорда