Санаи 21 марти соли 2025 дар маркази намоишгохи Expo Президент Касим-Жомарт Токаев ба ифтихори Навруз майрама табрик гуфт. Дар мурочиати худ у кайд намуд, ки Навруз на танхо як чашн, балки як кисми мухими фарханги казок аст, ки рамзи навсози ва вахдат аст.

“Навруз рузест, ки ачдодони мо омадани бахор ва эхёи табиатро чашн мегирифтанд. Ин чашн хамеша бо корхои нек, саховатманди ва дастгирии хамсоягон алокаманд буд. Имсол Навруз бо Мохи Рамазон рост омад,ки робитаи амики анъанахои моро бо арзишхои маънави таъкид мекунад ” гуфт Президент.

Касим-Чомарт Токаев хотиррасон намуд, ки аз соли гузашта чашни Навруз дах руз давом мекунад, ки хар кадоми онхо ахамияти махсус доранд. Вай инчунин таъкид намуд, ки арзишхо ба монанди поки, мехнатдусти ва гамхори ба хамсоягон дар маркази ин чашн карор доранд.

Президент кайд намуд, ки дар замонхои душвор тахкими суботи чомеа бо нигох доштани анъана ва вахдат мухим аст. Пас аз баромад, у ба консерти чашни ташриф овард ва ярмаркаи хунархои этнооулро тамошо намуд.

Имсол дар намоишгох на танхо устодони казок, балки хунармандони Чин, Русия, Озарбойчон, Киргизистон, Узбекистон, Туркманистон, Туркия, Эрон ва Точикистон низ асархои худро пешниход намуданд. Ба Сарвари давлат инчунин бозихои милли ва коллексияхои либосхои таррохони казокистонро нишон доданд, ки ин тасдики равшани сарвати мероси фархангии кишвар буд.

Навруз майрам муттахид намудани халкро идома медихад, ки ахамияти хифзи анъанахо ва эхтироми тарафайнро хотиррасон мекунад.


Акс: Ассамблеяи Халки Казокистон