Президенти Тоҷикистон ба марҳилаи нави корҳо дар нерӯгоҳи барқи обии Роғун оғоз бахшид – ИА Караван Инфо
Президенти Тоҷикистон ба марҳилаи нави корҳо дар нерӯгоҳи барқи обии Роғун оғоз бахшид

27 сентябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ва Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, шаҳрдори Шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба нерӯгоҳи барқи обии Роғун ташриф оварданд

27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Роғун хатти интиқоли барқи 220 кВ аз Дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 220 кВ-и НБО «Роғун» то зеристгоҳи барқии «Роғун» бо дарозии умумии 12,7 км ва васеъсозии дастгоҳи тақсимоти кушодаи 220 кВ-и зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ-и «Роғун»-ро баъд аз навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ-и «Роғун» баъд аз навсозӣ сокинони шаҳри Роғун, ноҳияҳои водии Рашт, Файзобод ва қисман шаҳри Ваҳдатро доимӣ бо барқ таъмин менамояд.

Иншооти нави соҳа ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ба маблағи умумии 11 млн. доллари амрикоӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ бунёд гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар неругоҳи обии “Роғун” нахуст бо ҷараёни корҳои анҷомёфта дар бинои дарвозаҳои садамавӣ-таъмирии нақби сохтмонии қабати 4 шинос шуда, бо пахши тугмаи рамзӣ ба фаъолияти иншоот оғоз бахшиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар сарбанди Неругоҳи обии “Роғун” шинос шуданд.

Дар минтақаи ядрои сарбанд кор ба таври шабонарӯзӣ дар ду баст идома дошта, ҳамарӯза зиёда аз 160 техникаю механизмҳои пуриқтидор сафарбар карда мешавад. Танҳо дар минтақаи ядрои сарбанди неругоҳ наздики 400 нафар машғули коранд.

Дар ядрои сарбанди неругоҳ 6 намуди маводи асосии сохтмонӣ мувофиқи технология қабат ба қабат хобонида шуда, ҳамарӯза сифати кор санҷида мешавад.

Дар минтақаи сарбанд дар маҷмуъ 21 миллион метри мукааб маводи гуногуни сохтмонӣ хобонида шудааст.

Дар як рӯз ба ҳисоби миёна сарбанди неругоҳ тақрибан 50 сантиметр баланд бардошта мешавад.

Имсол сатҳи об дар обанбор 5 метр баланд бардошта шуда, ба 1075 метр баробар гардидааст.

Баландии лоиҳавии сарбанди Неругоҳи обии “Роғун” 335 метрро ташкил медиҳад, ки баландтарин садди чунин навъ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва Раиси шаҳри Душанбе дар майдончаи назоратии рӯди Оби Шӯри Неругоҳи обии “Роғун” бо ҷараёни корҳои тозакунии сангу шағал дар сарбанди ҳимоявӣ шинос шуданд.

Сарбанди ҳимоявӣ бо мақсади пешгирӣ аз хатари селу обхезӣ дар Оби Шӯр, ки ҳамасола дар мавсими боронгарӣ ба вуқуъ меояд, бунёд карда шудааст.

Зимни шиносоӣ аз раванди фаъолият дар сарбанди ҳимоявии Оби Шӯр ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки тоза намудани пешдарғоти сарбанд бо истифода аз 70 нақлиёти соҳавии пуриқтидор ва бо ҷалби 100 нафар мутахассисони маҳаллӣ сурат мегирад.

Барои дар сатҳи зарурӣ таъмин намудани иқтидори ҳимоявии сарбанд, тоза намудани сангу шағал ва дигар селовардҳо дар ҳаҷми 350 ҳазор метри мукааб зарур аст ва то имрӯз корҳои иҷрошуда 50 ҳазор метри мукаабро ташкил менамояд.

Ёдовар мешавем, ки сарбанди ҳимоявии Оби Шӯр дар масофаи 1500 метр болотар аз соҳили дарё дар баромадгоҳи нақбҳои обпартои неругоҳ сохта шудааст.

Бунёди он вуруди сангҳои гаронвазн ба нақбҳои обпартои неругоҳро пешгирӣ намуда, ба таъмини фаъолияти муназзами иншооти аср – неругоҳи «Роғун» мусоидати фаъол менамояд.

Дар ҳамин ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади бунёди иншооти нави ҳимоявӣ дар шохобҳои болоии Оби Шӯр мутахассисон корҳои омӯзиширо оғоз хоҳанд кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз раванди корҳо дар кони рақами 17-и иншооти бузургтарини гидроэнергетикии аср – Неругоҳи обии «Роғун»шинос шуданд.

Дар кони рақами 17 маводи гилхок тавассути 8 дастгоҳи муосир ва 3 корхонаи ширкати паймонкори Лоти 2 “Вибилд” бо ҷалби мутахассисони Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Тоҷикгидроэлектромонтаж” коркард ва захира карда мешавад.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки барои коркарди гилхок дар 4 қитъаи кони рақами 17 дастгоҳу таҷҳизоти муосир гузошта шудааст, ки тавассути онҳо ин мавод бо андозаҳои 0-20, 0-50 ва 0-200 миллиметр истеҳсол карда мешавад.

Иқтидори лоиҳавии ҳар як дастгоҳи коркарди гилхок аз 50 то 100 тоннаро дар як соат ташкил медиҳад. Чун дигар қитъаҳои сохтмонӣ коргарону мутахассисони соҳибтахассус бо истифода аз мошину механизмҳои муосир коркард ва захираи гилхокро дар кони рақами 17 бо сатҳу сифати баланд ба анҷом мерасонанд.

То ҳол  дар кони мазкур 1,5 миллион метри мукааб гилхок коркард ва захира гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни боздид аз иншооти НБО «Роғун» ба толори мошинҳо ташриф оварданд.

Нахуст Пешвои миллат аз чархи кории доимӣ, ки ҳоло дар майдончаи васлгарӣ гузошта шудааст, дидан намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ин чархи корӣ барои иваз намудани чархи кории агрегатҳои мувақатии 5 ва 6 дастрас шудааст ва баъди анҷом ёфтани ин кор тавоноии ҳар яке аз 200 ба 400 мегават баланд бардошта мешавад.

Ҳоло кормандону мутахассисон бо азму иродаи қавӣ ва бо умеди ояндаи боз ҳам дурахшони Тоҷикистон корҳои бунёду васлгариро дар дигар агрегатҳои неругоҳсуръат бахшида истодаанд.

Дар кратери агрегати рақами 4 статори турбина бо вазни умумии 269 тонна, камераи спиралӣ бо вазни умумии 200 тонна насб гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷараёни корҳои насби қубурҳои обрасон дар нақби турбинии мавзеи агрегати рақами 4-и Неругоҳи обии “Роғун” шинос шуданд.

Дар нақби турбинии мавзеи агрегати мазкур корҳои нақбканӣ, мустаҳкамкунӣ ва сементрезӣ ба анҷом расидааст.

Дарозии қисмати горизонталии нақби турбинии мавзеи агрегати рақами 4-ум 48 ва баландии шахтаи амудии он 206 метрро ташкил медиҳад.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз дар нақби мазкур ба масофаи 64 метр оҳанфилизот насб гардида аст, ки 517,4 тоннаро ташкил менамояд.

Ин нақб ҳамчун нақби обрасон аз шахтаи вертикалии сатҳи 1 ҳазору 152 метри обқабулкунаки асосӣ то ба агрегати рақами 4 хизмат мекунад. Қутри нақб 7 ва дарозиаш 459 метрро ташкил менамояд.

Васлу насби оҳанфилизоти обрасон дар нақби турбинии агрегатҳои 3 ва 4 аз ҷониби муҳандисону кормандони ватанӣ бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида мешавад.

Ҳоло дар нақби турбинии рақами 3 қисмати оҳанфилизот барои васлу насб омода гардида, дарозии он 16 метр ва вазни умумиаш 141 тоннаро дар бар мегирад.

Лозим ба ёдоварист, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти стратегӣ дошта, дар рушди иқтисоди миллӣ ва боз ҳам баланд грдидани сатҳу сифати зиндагии мардум саҳми бузург мегузорад.

Зимни шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар нақби мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муҳандисону коргарон ҷиҳати саривақту бо сифати баланд анҷом додани корҳои боқимонда супоришҳои мушаххас доданд.

Зимни боздидҳо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз коргарон даъват менамоянд, ки содиқонаву софдилона фаъолият намуда, ҳар як кори ба зиммаашон гузошташударо тавре анҷом диҳанд, ки садсолаҳо барои миллати тоҷик хизмат намояд.

Зимни боздид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, барои тезонидани корҳои бунёдӣ дар дигар минтақаҳои иншоот ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Президенти кишвар Неругоҳи обии “Роғун”-ро яке аз сарчашмаҳои асосии рушди иқтисоди миллӣ ва таъмини зиндагии шоистаи сокинони кишвар номида, пурра ба фаъолият пардохтани онро барои давлату миллати тоҷик дастоварди бузурги таърихӣ арзёбӣ намуданд.

Бунёдгузори кохи нур – Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо бинокорон, барои иҷрои рисолати шаҳрвандӣ ва саҳм гузоштан дар бунёди иншооти аср – Неругоҳи обии “Роғун” ба онҳо изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид доштанд, ки номи ҳар яки онҳо дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт мегардад ва барои ояндагон намунаи ибрат хоҳанд шуд.

Зимни боздид аз Неругоҳи обии Роғун Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчунин Сарвазири кишвар муҳтарам Қоҳир Расулзода ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҳамроҳӣ намуданд.

Аксҳо: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

error: