Душанбе, 06 август, – АИ «Караван инфо». Санаи 5 август дар шахри Аваза (Туркманистон) дар доираи конфронси Сеюми Созмони Милали муттахид оид ба кишвархои ру ба таракки, ки ба бахр дастраси надоранд, мулокоти Президенти Чумхурии Точикистон, Пешвои Миллат Эмомали Рахмон бо Президенти Туркманистон Сардор Бердимухаммадов баргузор гардид.

Дар рафти вохури рохбарон доираи васеи масъалахо, аз чумла рушди хамкорихои дучониба ва мавзуъхои асосии Конфронси Сеюми СММ оид ба кишвархои ба бахр баромадаро барраси намуданд. Эмомали Рахмон ахамияти тахкими минбаъдаи муносибатхои Точикистону Туркманистонро таъкид намуда, омодагии худро ба хамкории фаъол кайд намуд.
Чонибхо ахамияти дастгирии фаъоли муколамаи сиёсии байнидавлати ва густариши хамкори байни парлумонхои ду кишварро таъкид намуданд. Он хамчун воситаи мухим барои амиктар намудани хамдигарфахми ва хамохангсозии амалхо дар сатхи минтакави ва байналмилали хисобида мешавад.
Ба густариши хамкорихои тичоратию иктисоди ва сармоягузори диккати махсус дода шуд. Дар байни бахшхои афзалиятнок кишоварзи, саноат, сохаи нафту газ, наклиёт ва алока номбар намуда шудаанд.
Барои афзоиши хачми тичорати мутакобила тахия ва татбики “харитаи рох” барои солхои 2026-2028 барраси намуда шуд. Хамчунин чонибхо ба мувофика расиданд, ки иктидори комиссияи Байнихукумати оид ба рушди робитахои тичоративу иктисодиро фаъолтар истифода баранд.
Масъалаи мухими ба рох мондани парвозхои мунтазами хавопаймои байни Пойтахтхои Душанбе ва Ашкобод низ зикр гардид, ки бояд ба рушди сайёхи ва робитахои кори мусоидат намояд.
Рохбарон инчунин ба масъалахои хамкори дар сохаи тандурусти, маориф, фарханг, сиёсати чавонон ва варзиш дахл намуда, зарурати табодули тачриба ва татбики лоихахои муштаракро таъкид намуданд.
Дар заминаи равандхои глобали ва минтакави, харду чониб барои тахкими минбаъдаи хамкори дар Доираи Созмони Милали Муттахид ва муассисахои махсуси он, Иттиходи Давлатхои Мустакил, инчунин мулокоти Машваратии сарони Давлатхои Осиёи Маркази изхори дастгири намуданд.
Ин мулокот кадами мухим дар рохи густариш ва тахкими хамкорихои гуногунчанбаи Точикистону Туркманистон гардид, ки ба манфиати хар ду халк буда, ба суботу рушди минтака мусоидат менамояд.
АКСХО: Хадамоти Матбуот Президенти Чумхурии Точикистон