Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Қазони Федератсияи Русия сафар намуданд – ИА Караван Инфо
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Қазони Федератсияи Русия сафар намуданд

23 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Қазони Федератсияи Русия шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Қазон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагони воломақоми Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тотористон самимона пазироӣ карданд.

Зимни ин сафар Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ дар қолаби «аутрич / БРИКС плюс», «БРИКС ва Ҷануби ҷаҳонӣ: сохтмони якҷояи ҷаҳони беҳтар» иштирок намуда, як қатор мулоқотҳои дуҷониба анҷом хоҳанд дод

Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

error: