Душанбе, 22 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». 21 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба шаҳри Ню-Йорк сафар намуд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Сарвари давлатро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир, муовини аввали Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел карданд.
Ҳайати расмии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон иборат аз муовини Сарвазир, вазири корҳои хориҷӣ, ёвари Президенти мамлакат оид ба масъалаҳои сиёсати хориҷӣ, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар шахсони расмии давлатӣ мебошад.
Иштироки Президенти Тоҷикистон дар иҷлосияи Маҷмаи Умумии СММ дорои аҳамияти хоса мебошад, зеро ин минбари байналмилалӣ имконият медиҳад, ки масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ, аз ҷумла амният, рушди устувор, тағйирёбии иқлим ва истифодаи оқилонаи захираҳои об баррасӣ гарданд.
Интизор меравад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ мавқеи афзалиятноки Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои калидии рӯзномаи байналмилалӣ ва нақши Созмони Милали Муттаҳид дар ҷаҳони муосир таъкид намояд.
АКС: АМИТ «ХОВАР»
