Душанбе, 06 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Вашингтон ташриф оварданд. Ин сафар бо даъвати Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, муҳтарам Доналд Трамп анҷом мегирад.

Дар фурудгоҳи ҳарбии Эндрюс-и шаҳри Вашингтон меҳмони олӣ — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳтироми хос ва самимияти зиёд муовини якуми котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау, ёрдамчии котиби давлатӣ Пол Капур, муовини сардори протоколи ИМА Эбби Ҷонс ва дигар намояндагони расмии Амрико истиқбол гирифтанд.
Сафари кории Пешвои миллат дар чорчӯби баргузории ҳамоиши байналмилалии «Осиёи Марказӣ — ИМА (C5+1)» сурат мегирад, ки дар он масъалаҳои густариши ҳамкориҳои минтақавӣ, таҳкими амният, рушди иқтисодӣ ва робитаҳои стратегии байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ хоҳанд шуд.
Дар қароргоҳи муваққатии Пешвои миллат дар Вашингтон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ИМА зиндагӣ ва таҳсил мекунанд, бо меҳру муҳаббати зиёд истиқбол гирифтанд.

Ин сафар қадами муҳиму навбатӣ дар таҳкими муколамаи стратегӣ миёни Душанбе ва Вашингтон ба шумор меравад, ки ба таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, робитаҳои башардӯстона ва муборизаи муштарак бар зидди таҳдидҳои ҷаҳонии муосир равона шудааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
