Прокуратураи Генералии Русия дар интизори “хоҷаи нав” – ИА Караван Инфо
Прокуратураи Генералии Русия дар интизори "хоҷаи нав"

МОСКВА, 18 сентябри соли 2025 АИ «Караван инфо».  Президент Владимир Путин ба Шӯрои Федератсия номзадии Александр Гутсанро ба вазифаи Прокурори Генералии Русия пешниҳод намуд. Дар Ин бора раиси кумитаи конститутсионии шӯрои федератсия Андрей Клишас дар Telegram хабар дод.

“Мувофиқи Конститутсия ва қонун дар бораи прокуратура, ба Шӯрои Федератсия пешниҳоди президент барои гузаронидани машваратҳо оид ба таъин намудани Гутсан Александр Владимирович ба вазифаи Прокурори генералӣ ворид шуд”, — қайд намуд Клишас.

Дар айни замон Гутсан намояндаи ваколатдори Президент дар округи федералии Шимолу Ғарб мебошад. Кумитаи Шӯрои Федератсия нақша дорад, ки 24 сентябр дар бораи номзадии ӯ машварат гузаронад. Худи ҳамон рӯз дар Шӯрои федератсия таъин шудани Игор Краснов ба вазифаи раиси Суди Олӣ баррасӣ намуда мешавад.

Александр Гутсан 6 июли соли 1960 дар вилояти Ленинград таваллуд шудааст. Соли 1987 факултаи ҳуқуқии донишгоҳи давлатии Ленинградро хатм намуд. Аз соли 2007 то 2018 ӯ муовини Прокурори генералӣ буд, сипас намояндаи комили Президент буд.

Гутсан – узви Шӯрои амният ва шӯрои Давлатӣ, ҳуқуқшиноси шоистаи Русия, бо орденҳои Фахрӣ ва Дӯстӣ мукофотонида шудааст. Таҷрибаи ӯ дар прокуратура ва кори маъмурӣ ӯро ба яке аз довталабони асосии мансаби баланди ҳуқуқӣ дар кишвар табдил медиҳад.

Аксҳо аз манбаъҳои кушода

error: