Дар чаласаи умумии саммити БРИКС дар Казон президенти Русия Владимир Путин дар бораи пайдоиши мавчи навбатии рушди иктисодии чахони дар кишвархои Чануб ва Шарки Чахони изхор дошт. Вай зарурати ташкили механизмхои мустакили молияви ва платформахои сармоягузориро барои рушди лоихахои инфрасохтори ва технологи дар ин минтакахо кайд намуд.

Путин ахамияти ташаккули системахои алтернативии бисёрчонибаи молияви ва занчирхои истехсоли-логистики, инчунин баланд бардоштани кобилияти гузариши гузаргоххои байналмилалии наклиётро таъкид намуд. У изхор дошт,:
“Мавчи навбатии рушди иктисодии чахони махз дар кишвархои аксарияти чахони ба вучуд меояд.”
Дар суханронии худ Путин инчунин, масъалаи истифодаи Украинаро хамчун воситаи эчоди тахдидхо ба амнияти Русия барраси намуд. Вай изхори бовари намуд, ки куввахои муайян кушиш мекунанд, ки гузаришро ба сохтори одилонаи чахони боздоранд, ки ба андешаи у, бо ягонагии таърихи ва хамбастагии мардуми Русия алокаманд аст:
“Холо максади шикасти стратегии кишвари моро пинхон намедоранд”.
Президенти Русия низ вазъиятро дар Шарки наздик хамчун яке аз мавзуъхои асосии мухокима муайян намуд. Вай бад шудани вазъи башардустона ва зарурати огози раванди комплексии сиёсиро кайд намуд:
“Зуровари бояд катъ намуда шавад, ба зарардидагон кумаки хаётан мухим расонида шавад.”
Путин зарурати таъсиси давлати мустакили Фаластинро, ки бо Исроил сулхона бояд хамзисти намояд, таъкид намуд.
Дар охири суханронии худ Путин ба ислохоти Созмони Милали Муттахид, аз чумла тавсеаи Шурои Амният ва дигар макомоти калидии идоракуни даъват намуд:
“Барои фаъолияти минбаъдаи самараноки СММ мутобиксозии сохтори он ба вокеиятхои асри XXI мухим аст”.
Президент инчунин, сахми Русияро дар кохиши партовхои газхои гармхонаи ва ахамияти он дар таъмини амнияти озукавори ва энергетикии чахони кайд намуд:
“Русия дар якчояги бо шариконаш дар чунин хатсайрхои мухимми чахони, ба монанди Шимол — Чануб ва рохи бахрии Шимоли кор мекунад.”
Суханронии Путин дар саммити БРИКС талошхои Русияро барои тахкими мавкеи кишвархои Чануб ва Шарки Чахони дар иктисоди чахони, инчунин тачдиди сохторхои мавчудаи байналмилали дар заминаи вокеиятхои муосир таъкид мекунад.
Аксхо: Дмитрий Азаров, Коммерсантъ