Путин сохтмончиёнро табрик гуфт ва дастовардхои асосии сохаро кайд намуд – ИА Караван Инфо
Путин сохтмончиёнро табрик гуфт ва дастовардхои асосии сохаро кайд намуд

МОСКВА, 07 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо». Президенти Русия Владимир Путин дар арафаи рузи сохтмончи, ки санаи 10 август чашн гирифта мешавад, мутахассисони сохаро бо чашни касби табрик гуфт. Вай кайд намуд, ки бахши сохтмон дар рушди кишвар накши калиди дорад.

Владимир Путин дар кушодани иншоотхои нави инфрасохтори дар субъектхои Федератсияи Русия тавассути алокаи видеои иштирок намуд.

Ба гуфтаи у, сохтмони фаъол хамеша нишонаи дурнамои минтака аст.

“Дар солхои охир дар Русия беш аз 630 миллион метри мураббаъ манзил сохта шудааст, ки ин ба беш аз 25 миллион оила имкон дод, ки шароити зиндагиро бехтар кунанд. Шабакаи роххо низ бомуваффакият рушд мекунад: зиёда аз нисфи роххои минтакави ба холати меъёри оварда шудаанд ва дар агломерасияхои калон ин нишондиханда ба 85% расидааст”, – гуфт сарвари давлат.

Ба баркарорсозии инфрасохтор дар каламравхои Донбасс ва Новороссия, ки дар он чо сохтмони манзил, роххо ва иншоотхои коммунали, сарфи назар аз вазъияти мураккаб идома дорад, диккати махсус дода шудааст.

Муовини Сарвазир Марат Хуснуллин хабар дод, ки Лоихаи Миллии “Инфрасохтор барои хаёт ” 2160 махалли ахолинишини асосиро дар саросари кишвар фаро мегирад. Вазифаи он навсозии манзил, роххо, чойхои чамъияти ва фарохам овардани мухити барохат барои зиндаги мебошад.

Сохтмони 663 миллион метри мураббаъ манзил то соли 2030 ба накша гирифта шудааст. Холо кариб 60 миллион метри мураббаъ чори намуда шудааст. дар ин сол интизори убур намудани 100 миллион метри мураббаъ аст.

Дар доираи лоихаи милли дар Комсомолск-на-Амуре сохили нав, дар Перм боги хайвонот, дар Унече вилояти Брянск рохрав, дар Копейск Вилояти Челябинск богчаи кудакон, ва дар шахраки Шамхал (Дагзостон) мактаби нав кушода шуд.

Аксхо: ТАСС

error: