Рӯзҳои синамои Казоқистон дар Душанбе баргузор мегардад
Рӯзҳои синамои қазоқ 20-21 август дар Душанбе баргузор мешаванд, хабар медиҳад Муассисаи Давлатии “Тоҷикфилм”.

Ба дӯстдорони кинематографи қазоқ филмҳои “Дос-Мукасан”, “Оператсияи Набат” ва ғайра пешниҳод карда мешаванд.
Чорабинии фарҳангӣ бо мақсади таҳкими ҳамкории муштараки кинематографистони тоҷик ва қазоқ ва табодули таҷриба ташкил карда мешавад.
Филмҳо дар жанрҳои гуногун намоиш дода мешаванд.
АКСҲО: Муассисаи Давлатии “Тоҷикфилм”