Душанбе, 11 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилии ВКД-ро ба муносибати Рӯзи кормандони милитсия табрик гуфта, ба онҳо барору муваффақият, шуҷоат ва садоқат ба Ватан орзу намуд.

Дар паёми табрикии худ Сардори давлат таъкид кард, ки кормандони милитсия ва хизматчиёни Қӯшунҳои дохилӣ дар давраҳои душвори таърихи навини тоҷикон нақши таърихӣ гузоштаанд — дар барқарор намудани тартиботи конститутсионӣ, таъмини субот, амнияти ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ.
Ба гуфтаи Пешвои миллат, садоқат ба қасам, ҳисси масъулият ва ватандӯстии онҳо дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ нақши ҳалкунанда бозидааст.
Ба ифтихори Рӯзи милитсия Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон як қатор иншооти навро дар пой тахт ифтитоҳ намуд.

Бо иштироки Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, Президенти мамлакат бинои нави Шӯъбаи ВКД-1 ноҳияи Сино-ро ба истифода супорид.
Бино иборат аз таҳхона ва панҷ ошёна буда, 64 утоқи корӣ, маҷлиси васеъ барои 240 ҷой, китобхона ва синфхонаҳои омӯзишӣ дорад.
Дар вақти сохтмон ба зебоии ҳудуд, сохтмони плац, таваққуфгоҳ ва дигар иншооти ёрирасон диққати махсус дода шудааст.
Пешвои миллат бо ҳайати шахсӣ суҳбат намуда, онҳоро ба ҳушёрӣ, такмили малакаи касбӣ ва омодагӣ ба ҳолатҳои ғайричашмдошт даъват кард. Ба ШВКД-1 техникаи нави хизматӣ супорида шуд.
Дар ҳамин рӯз Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ Маркази инноватсионии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро дар қисми ҳарбии №3502 Қӯшунҳои дохилӣ ифтитоҳ намуданд.
Дар марказ таҷҳизоти муосир, лабораторияҳо, синфхонаҳои таълимӣ ва коргоҳҳои махсус ҷойгир буда, мутахассисон омӯзиш мегиранд ва ҳавопаймоҳои бесарнишин (дронҳо) ва дигар таҷҳизоти иктишофии ҳавоиро омода месозанд.
Ин марказ бо супориши Президенти мамлакат дар муҳлати панҷ моҳ сохта шуда, ҷузъи барномаи давлатӣ — «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсияҳо (2025–2030)» мебошад.
Он барои рушди рақамикунонӣ, боло бурдани омодагии ҷангии воҳидҳои махсус ва муваффақона амалӣ намудани мубориза бо ҷинояткорӣ, терроризм ва таҳдидҳои муосир мусоидат менамояд.

Дар ҳудуди қисми ҳарбӣ биноҳои маъмурӣ, толори варзишӣ, китобхона, ошхона, ҳаммом, майдончаҳои футболу волейбол, ҳавзи шиноварӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ бунёд ёфтаанд.
Ҳамаи онҳо бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин ва ба шабакаи ягонаи гармидиҳӣ васл гардидаанд.
Ҳамчунин Пешвои миллат бо фаъолияти хочагиҳои ёрирасони ВКД шинос шуд, ки дар соли 2025 ҳосили фаровони мева, сабзавот ва ғалладона ба даст овардаанд. Маҳсулот барои таъмини қисмҳои ҳарбӣ ва сохторҳои ВКД истифода мегардад.

Дар анҷом Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки сулҳу субот, амнияти сиёсӣ ва зиндагии ороми мардуми тоҷик — маҳсули ҷоннисорӣ, шуҷоат ва ватандӯстии кормандони милитсия ва дигар сохторҳои қудратии мамлакат мебошанд.
Вай аз кормандони ВКД даъват намуд, ки содиқона ба халқу Ватан хизмат намуда, дар таъмини амнияти шаҳрвандон ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ саҳми арзанда гузоранд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
