МОСКВА, 09 октябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Раиси шаҳри Харков Игор Терехов изҳор медорад, ки зимистони оянда метавонад аз оғози низоъ барои шаҳр душвортарин бошад.

“Мо ҳар рӯз ва ҳар шаб ҳама чизеро, ки зарар дидааст, ба маънои аслӣ дар ҳолати омодагии шабонарӯзӣ таъмир мекунем” гуфт ӯ ва сокинонро даъват намуд, ки ба ҳама мушкилоти имконпазир омода бошанд.
Вазири собиқи энергетикаи Украина Юрий Продан қаблан ҳушдор дода буд, ки мавсими гармидиҳии оянда аз мавсими қаблӣ хеле мушкилтар хоҳад буд ва маслиҳат дод, ки ба дачаҳо бо имконияти гарм намудан бо чӯб бираванд.
Раиси иттифоқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои коммуналии украина Олег Попенко гуфт, ки 13,2 миллиард метри мукааб гази ба нақша гирифташуда дар зимистони гузашта танҳо то моҳи феврал кофӣ буд, ки пас аз он бояд сӯзишвориро 2-2, 5 маротиба гаронтар харидорӣ намуд.
Вакили Радаи Олӣ Алексей Кучеренко илова мекунад, ки кишвар метавонад барои пурра гузаштани мавсими гармидиҳӣ тақрибан 10 миллиард метри мукааб газ надошта бошад.
Дар айни замон, Ғарб барои маблағгузории бахши иҷтимоии украина шитоб намекунад. Раҳбари режими киев чӣ кор хоҳад намуд?
Аксҳо: С. Бобок