Раиси Иттиходи Аврупо оид ба ОМ бо сипоси Президенти Казокистон сарфароз гардонида шуд – ИА Караван Инфо
Раиси Иттиходи Аврупо оид ба ОМ бо сипоси Президенти Казокистон сарфароз гардонида шуд

Муовини Вазири корхои хоричии Казокистон Роман Василенко бо намояндаи махсуси Иттиходи Аврупо оид ба Осиёи Маркази Терхи Хакала мулокот намуд. Чонибхо хамкории судмандро чамъбаст намуданд ва дурнамои рушди минбаъдаи муносибатхои байни Казокистон ва Иттиходи Аврупоро мухокима намуданд.

Баргузории бомуваффакияти саммитхои Осиёи Маркази – ИА дар Остона ва Чолпон-Ата, ки ба хамкории бисёрчониба такони нав бахшиданд, махсус кайд намуда шуд. Дастоварди мухим кабули накшаи васеи муштараки амалиёт байни Кишвархои Осиёи Маркази ва Иттиходи Аврупо буд.

Казокистон ва Иттиходи Аврупо ба рушди гузаргоххои наклиёти, аз чумла, Хатсайри байналмилалии Наклиётии Транскаспий изхори манфиатдори намуданд. Зарурати навсози ва ракамисозии бандархои бахри Каспий таъкид намуда шуд.

Масъалаи мухим дар рузнома огози зудтари гуфтушунидхо байни Остона ва Брюссел дар бораи бастани созишнома дар бораи содда намудани низоми раводид барои шахрвандони Казокистон буд.

Дар анчоми мулокот Роман Василенко ба Терхи Хакале номаи сипоси Президенти Казокистон Касим-Жомарт Токаевро бо нишони синаи “Барис” ба нишони эътирофи сахми назарраси у дар тахкими муносибатхои байни Казокистон ва Иттиходи Аврупо супорид.

Аксхо: ВКХ ЧК

error: