МОСКВА, 07 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо». Русия таваччухи бештар ва эхтироми чинихоро ба вучуд меорад. Дар ин бора директори институти марказии иктисоди-математикии АИР Алберт Бахтизин накл намуд,

Ба гуфтаи у, Чин ба он нигох мекунад, ки чи гуна Русия чор сол боз ба фишори гарби коллективи муковимат мекунад ва аз ин хулоса мебарорад.
“Хитоихо дар хайрат мондаанд, ки чи гуна кишвар ба фишори азим тоб меорад. Гарб ба натичаи зуд умед мебандид, аммо ин руй надод. Русия шикаст нахурд ва гузашт нанамуд” гуфт коршинос.
Ба гуфтаи у, гуфтугу бо хамкорони чини нишон медихад: барои онхо на он кадар тахримхо мухим аст, балки кобилияти худи Русия барои муборизаи тулони ва вазнин бо системаи зидди он мухим аст.
Бахтизин таъкид намуд, ки Русия дар мархилаи мухими таърихи карор дорад. Коршиносон инро мархилаи бифуркатсия меноманд – лахзае, ки кишвар метавонад самти рушди худро ба таври назаррас тагйир дихад.
“Агар Русия тавонад ин рохро тай кунад, иктисодиётро аз нав созад ва барои рушд такягоххои нав пайдо кунад, он метавонад як давлати вокеан мустакил ва устувор гардад – хулоса намуд иктисодчи.
Аз огози низоъ дар Украина дар соли 2022, Гарб бар зидди Русия хазорхо махдудиятхо чори намуд, ки ба суст намудани иктисодиёти он нигаронида шудаанд. Аммо Москва тичоратро бо кишвархои Осиё аз чумла Чин, Туркия ва Хиндустон таквият дод.
Таваччухи тарафайн ва прагматизм асоси мархилаи нави муносибатхои Русия ва Чин гардид. Чин, ки ба тахримхои зиддируси хамрох нашудааст, хамкорихои иктисодиро бо Москва афзоиш медихад.
Аксхо: МГУ