Остона, 11 декабри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Вазири корҳои хориҷии ҶҚ Ермек Кошербаев бо роҳбари ВКХ Канада Анита Ананд сӯҳбати телефонӣ анҷом дод. Суҳбат 10-уми декабр бо ташаббуси ҷониби Канада баргузор шуд.

Кошербаев Канадаро бо раёсати муваффақонаи “Гурӯҳи ҳафт” табрик гуфт ва сатҳи баланди ҳамкории иқтисодиро, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳо бо ширкатҳои канадагии “Cameco”, “Teck Resources” ва “First Quantum Minerals” қайд намуд.
Ананд, дар навбати худ, манфиатдории худро ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, энергетикӣ, инноватсионӣ ва таълимӣ таъкид намуд ва инчунин омодагии худро барои табодули боздидҳо дар сатҳи баланд изҳор намуд.
Вазирон инчунин масъалаҳои асосии рӯзномаи байналмилалӣ ва ҳамкорӣ дар форматҳои бисерҷонибаро баррасӣ намуданд.
Аксҳо: ВКХ ҶҚ
