Рушди хамкории Точикистон бо JICA: заминаи мустахкам барои рушди ичтимоию иктисоди – ИА Караван Инфо
Рушди хамкории Точикистон бо JICA: заминаи мустахкам барои рушди ичтимоию иктисоди

Душанбе, 11 август, – АИ «Караван инфо». Дар Душанбе тахкими хамкории Точикистон бо Агентии Хамкории Байналмилалии Чопон (JICA) ва густариши муносибатхои дучонибаи мутакобилан судманди ду кишвар дар сатхи баланд барраси шуд.

Дар мулокот муовини раиси бонки Миллии Точикистон Гулбахор Назария, котиби дуюми Сафорати Чопон дар Точикистон хонум Араки Кодзуэ ва намояндаи дафтари JICA Нисио Масая иштирок намуданд. Дар ин бора бонки Миллии Точикистон хабар медихад.

Зимни мулокот таъкид гардид, ки муносибатхои дустона ва шарикии байни Чумхурии Точикистон ва Чопон ба эхтироми тарафайн ва манфиатхои умуми асос ефтаанд.

Бо дастгирии фаъоли Сафорати Чопон ва агентии JICA дар солхои охир лоихахои мухими ичтимои ва иктисоди, ки сохахои маориф, тандурусти, инфрасохтор, кишоварзи, энергетика ва тайёр намудани кадрхоро дар бар мегиранд, бомуваффакият амали намуда шуданд.

Ин лоихахо ба тахкими иктидори муассисахои давлати ва хусуси, баланд бардоштани сатхи зиндагии ахоли ва фарохам овардани имкониятхои нав барои рушди устувор мусоидат мекунанд.

Зимни мухокима чонибхо омодагии комилро барои густариш ва тахкими минбаъдаи хамкорихои мутакобилан судманд дар хама сохахои афзалиятнок, бахусус тавассути JICA, бо максади татбики барномахои муштарак изхор намуданд.

Тахкими хамкории Точикистон бо JICA ва Чопон на танхо ба рушди иктисодии кишвар мусоидат мекунад, балки барои рушди муносибатхои дипломати ва стратегии ду чониб заминаи боэътимод фарохам меорад.

Аксхо: Бонки Миллии Точикистон

error: