Москва, 1 августи соли 2025 АИ «Караван инфо». Дар Русия расман синфи нави фазои хавои синфи H пайдо шуд, ки танхо барои хавопаймохои бесарнишин пешбини шудааст.
Карори дахлдорро сарвазир Михаил Мишустин бо супориши президент Владимир Путин имзо намуд.

Хуччат ба коидахои Федералии истифодаи фазои хавои тагйирот ворид намуда, коидахои алохидаро барои дронхо мукаррар мекунад.
То хол дар Русия танхо се синфи A, C ва G амал менамуданд, ки хам авиатсияи хавопаймоиро дар эшелонхои болои ва поёни ва хам минтакахои бе назорати диспетчери фаро мегирифтанд. Холо дронхо “каламрави худ” — ро аз замин то 150 метр ва инчунин дар хатсайрхои махсус чудошуда дар баландии то 3050 метр мегиранд.
“Русия яке аз камтарин кишвархое буд, ки расман синфро барои бесарнишинхо чудо намуд”, — изхор дошт муовини Сарвазир Виталий Савелев. Ин кори дронхоро осонтар мекунад ва хамгироии онхоро ба иктисодиёт метезонад, гуфт у.
Раиси Росавиатсия Дмитрий Ядров каблан пешниход намуда буд, ки осмон барои хавопаймохои бесарнишини категорияхои гуногун, аз чумла дастгоххои зиёда аз 30 кг кушода шавад. Системаи пешгирии бархурд бо хавопаймохои халабондор низ тахия намуда мешавад.
Ба гуфтаи намояндаи махсуси президент Дмитрий Песков, дронхо имруз ба “калиди” халли масъалахои инфрасохтори ва ичтимои дар Русия табдил меёбанд.
Аксхо: ТАСС