МОСКВА, 9 сентябри соли 2025 АИ»Караван Инфо». Низомиёни Русия, Чин ва Муғулистон бори аввал дар минтақаи наздисарҳадии се кишвар 8-9 сентябр машқҳои муштараки “Ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи сарҳадӣ — 2025” – ро баргузор намуданд. Манёврҳо ба муқовимат ба таҳдидҳои диверсионӣ ва террористӣ бахшида шуда буданд.

Ситоди муттаҳид дар Қаламрави Чин ҷойгир намуда шуд, дар ҳоле, ки кишвари мизбони амалиёт роҳбариро ба ӯҳда гирифт ва қарорҳо пас аз машваратҳои бисёрҷониба қабул намуда шуданд.
Низомиен якҷоя банақшагирии амалиёт, иктишоф, бастани ноҳияҳо, зарба задан ба душмани шартӣ ва интиқоли боздоштшудагонро амалӣ менамуданд.
Дар наворҳои видеоии нашршудаи ВАО-и чин истифодаи техникаи зиреҳпӯш, бесарнишин ва сагҳои роботӣ дида мешавад.
“Гурӯҳҳои террористӣ торафт бештар технологияҳои баландро истифода мебаранд, аз ин рӯ, артишҳо бояд воситаҳои навро истифода баранд — аз ҳавопаймоҳои бесарнишин то роботҳои заминӣ, ки метавонанд дар минтақаҳои душвортаъсир амал кунанд”, — қайд мекунанд коршиносон.
Машқҳо афзоиши ҳамкории стратегии сеҷонибаро нишон медиҳанд: Русия ва Чин таҷриба ва технологияро бо Муғулистон мубодила мекунанд, камарбанди умумии амниятро дар марз мустаҳкам мекунанд ва имкониятҳои ҳамаи ҷонибҳоро дар мубориза бо терроризм баланд мебардоранд.
Машқҳои сеҷонибаи Русия, Чин ва Муғулистон як қисми стратегияи таҳкими амният дар сарҳади умумӣ мебошанд.
Қаблан кишварҳо маневрҳои алоҳидаи дуҷонибаро анҷом медоданд, аммо ҳоло бори аввал нерӯҳои муттаҳид бо истифода аз технологияҳои муосир амалиёти муштаракро амалӣ мекунанд.
Таълимот аҳамияти ҳамоҳангсозӣ, мубодилаи таҷриба ва навовариро барои муқовимат ба таҳдидҳои нав дар минтақаҳои сарҳадӣ нишон медиҳанд.
Аксҳо аз манбаъҳои кушода