Русия дастгирии тахсилоти русзабонро дар Точикистон таквият медихад: 800 хазор китобхои дарси ба мактабхои чумхури ворид мешаванд – ИА Караван Инфо
Русия дастгирии тахсилоти русзабонро дар Точикистон таквият медихад: 800 хазор китобхои дарси ба мактабхои чумхури ворид мешаванд

Душанбе, 28 июл, АИ «Караван инфо». Дар доираи тахкими хамкорихои башардустона ва пешбурди забони руси хамчун забони муоширати байнимилли Русия соли 2025 ба мактабхои Точикистон 800 хазор нусха китобхои дарсии забони русиро супорид. Дар ин бора муовини Вазири маорифи Федератсияи Русия Андрей Корнеев дар чараёни форуми якуми иктисодии Осиёи Маркази дар Душанбе хабар дод.

Ба гуфтаи мансабдор, солхои охир Русия пайваста дар таъмини мактабхои Точикистон бо маводи муосири таълими бо забони руси дастгири мекунад. “То имруз такрибан 400 хазор китобхои дарси супорида шудаанд ва имсол боз 800 хазор нусха интикол дода мешавад” гуфт у.

Ин хамкори дар доираи стратегияи васеътари дастгирии забони руси дар Кишвархои Осиёи Маркази, бахусус дар Точикистон, ки забони руси макоми воситаи мухими тахсилот, рушди касби ва муоширати байналмилалиро нигох медорад, амали мегардад.

Ташаббус ба баланд бардоштани сифати таълими забони руси, васеъ намудани дастраси ба адабиети таълими ва тахкими робитахо байни системахои таълимии ду кишвар равона шудааст. Интиколи китобхои дарси дар татбики барномахои таълими дар мактабхои Русзабони Точикистон сахми мухим хохад гузошт.

Коршиносон кайд мекунанд, ки чунин дастгири инчунин ба тахкими иктидори кадрхои системаи маориф ва фарохам овардани мухити мусоиди забони барои насли ояндаи хонандагони мактабхои точик мусоидат менамояд.

АКСХО: аз манбаъхои кушода

error: