Русия гирифтани шиносномахоро барои шахрвандони Абхозистон осонтар мекунад – ИА Караван Инфо
Русия гирифтани шиносномахоро барои шахрвандони Абхозистон осонтар мекунад

Раванди гирифтани шиносномахои Русия барои шахрвандони Абхозистон ба кадри имкон суръат ва осонтар хохад шуд, гуфт Котиби матбуоти президенти Русия Дмитрий Песков.

“Масъалаи шиносномадихи, албатта, хеле мухим аст. Ин раванд суръат мегирад, такмил дода мешавад ва мухимтар аз хама, он барои шахрвандони Абхозистон, барои фарзандони навраси онхо осонтар ва осонтар хохад буд. Ин яке аз афзалиятхои мухим барои сарвари давлати Русия аст”, — таъкид намуд Песков.

Дар айни замон, тартиби гирифтани шахрвандии ФР барои сокинони Абхазия талаб мекунад, ки ариза, тасдики донистани забони руси ва як катор расмиети дигарро пешниход кунанд. Интизор меравад, ки тадбирхои нав мухлати хуччатхоро ба таври назаррас кохиш диханд ва тартибро содда кунанд.

Аксхо: аз манбаъхои кушода

error: