Русия махдудиятхои воридоти помидори казокистонро бекор намуд – ИА Караван Инфо
Русия махдудиятхои воридоти помидори казокистонро бекор намуд

Хадамоти федеролии назорати байтори ва фитосанитари (Росселхознадзор) махдудиятхои муваккатии воридоти помидорро аз Казокистон бекор намуд. Дар ин бора дар Кумитаи нозироти давлати дар мачмааи агросаноатии (КГИ) Вазорати кишоварзии Чумхурии Казокистон хабар дода шуд. Ин карор натичаи хамкори ва гуфтушунидхо байни идорахои ду кишвар буд.

Карор дар бораи бекор намудани махдудиятхо пас аз тахлили дакики маводхои пешниходшуда, ки Росселхознадзор дар якчояги бо ФГБУ ВНИИКР (маркази карантини умумирусиягии растанихо) анчом додааст, кабул намуда шуд. Дар натичаи санчиш 36 мачмааи гармхонаи Чумхурии Казокистон аз объектхои карантини озод дониста шуданд.

Ин корхонахои истехсолкунандаи помидор ба руйхати махсуси мачмаахои гармхонахо дохил намуда шуданд, ки ба онхо имкон медихад, ки интиколи махсулоти худро ба бозори русия аз сар гиранд. Бекор кардани махдудиятхо аз 16 январи соли 2025 эътибор пайдо намуд.

Чониби Казокистон бо чониби Русия дар бораи пурра бекор намудани махдудиятхо дар воридоти дигар намудхои махсулоти растани гуфтушунид мекунад.

Аксхо: freepik.com

error: