Москва, 22 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо». Вазорати корхои хоричии Русия пас аз хамлахои террористии санаи 21 август дар департаментхои Вале-дел – Каука ва Антиокия дар Колумбия изхорот дод.
Дар натичаи хамлахо кормандони полиси Милли ва сокинони осоишта кушта шуданд, даххо нафар захми шуданд.

Вазорати сиёсати хоричии русия таъкид намуд, ки Москва бо хукумат ва Мардуми Колумбия хамбастаги дорад, ба оилахои кушташудагон изхори хамдарди намуд ва ба осебдидагон шифои зудтар орзу намуд.
«Мо терроризмро яке аз тахдидхои чиддии замони муосир мешуморем ва даъват мекунем, ки аз чунин усулхои мубориза даст кашем. Мутмаинам, ки созмондихандагон ва ичрокунандагони ин чиноятхои гайриинсони чазои сахт хоханд гирифт”, — гуфта мешавад дар изхороти ВКХ.
Инчунин кайд намуда мешавад, ки Русия дар доираи ташаббусхои байналмилали тахти сарпарастии Шурои Амнияти СММ раванди сулхро дар Колумбия идома медихад.
Вазорат таъкид намуд, ки анчоми нихоии низоъи бисёрсолаи дохили ва бозгашти кишвар ба хаёти осоишта авлавият боки мемонад.
Колумбия дахсолахо бо муковимати мусаллахонаи дохили ру ба ру шуд, ки дар он гуруххои шуриши, картелхои маводи мухаддир ва нерухои давлати иштирок намуданд. Бо вучуди созишномахои сулх, минтакахои алохидаи кишвар аз хамлахои гуруххои мусаллахи гайриконуни ва хамлахои террористи азият мекашанд.
Аксхо : AP Photo / Сантяго Салдариага