Хиндустон дар панч мохи охир воридоти равгани офтобпарастро аз Русия нисбат ба соли гузашта 1,6 маротиба афзоиш дода, ба сатхи рекордии 693 миллион доллар расид. Чунин маълумот дар гузориши вазорати савдо ва саноати Хиндустон оварда шудааст. Мохи майи соли равон содироти равгани офтобпарасти Русия ба Хиндустон ба авчи таърихи расида, 216 хазор тоннаро ба маблаги умумии 209 миллион доллар ташкил дод. Ин нисбат ба соли гузашта 2,8 маротиба зиёдтар аст.

Русия таъминкунандаи асосии равгани офтобпараст ба Хиндустон гардида 57% бозорро ишгол намуд, ки 37% аз нишондихандаи соли гузашта зиёдтар аст. Аргентина, ки як сол пеш дар содирот ба Хиндустон пешсаф буд, ин дафъа аз сабаби кам шудани таъминот кариб 5 маротиба дар чои сеюм карор гирифт.
Хамкории содиротии Русия ва Хиндустон босуръат рушд мекунад, ки ин дар афзоиши хачми интиколи равгани офтобпараст инъикос ёфтааст.