Русия ва Точикистон: талошхои Муштарак барои тахкими амният ва навсозии хамкорихои низоми – ИА Караван Инфо
Русия ва Точикистон: талошхои Муштарак барои тахкими амният ва навсозии хамкорихои низоми

Русия ва Точикистон барои баланд бардоштани самаранокии пойгохи низомии 201-уми русия фаъолона кор мекунанд, гуфт Вазири корхои хоричии Русия Сергей Лавров дар нишасти матбуоти дар натичаи гуфтушунидхо бо Вазири корхои хоричии Точикистон Сирочиддин Мухриддин.

Лавров кайд намуд, ки хамкории дучониба дар сохаи амният байни ду кишвар гуногунчанба аст. Вай таъкид намуд, ки пойгохи низомии 201-ум, ки дар Точикистон чойгир аст, на танхо амнияти кишварро таъмин мекунад, балки марзхои чанубии Созмони Ахдномаи амнияти дастачамъи (СААД) – ро низ химоя мекунад. “Мо дар якчояги бо хамкорони точик барои баланд бардоштани самаранокии ин пойгох, аз чумла рушди чузъи авиатсиони кор намуда истодаем, ки ин аллакай натичахои мусбат медихад”, – афзуд у.

Илова бар ин, Вазири русия ахамияти созишномаи дучонибаро дар бораи навсозии нерухои Мусаллахи Точикистон таъкид намуд. “Мо ният дорем, ки ичрои ин барномаро суръат бахшем”, – изхор дошт у. Лавров хамчунин ёдовар шуд, ки охири соли гузашта дар саммити Шурои амнияти дастачамъии СААД барномае барои тахкими марзи Точикистону Афгонистон кабул шуд. Ин барнома аллакай татбик шуда истодааст ва дар ояндаи наздик ичрокунандаи ин хуччати бисёрчониба муайян намуда мешавад.

Кисми мухими хамкории Русия ва Точикистон кор оид ба муковимат ба тахдиди Афгонистон мебошад. “Мо дар доираи СААД ва Созмони Хамкории Шанхай (СХШ) механизмхои дахлдор дорем, ки аллакай фаъолият доранд”, – кайд намуд Лавров.

Вай хамчунин афзуд, ки Русия ва Точикистон дар як катор форматхои минтакави, аз кабили формати маскав ва механизми кишвархои хамсоя фаъолона иштирок мекунанд ва имруз имкониятхои густариши сохторхои муштаракро барои хамкорихои минбаъда барраси намуданд.

Аксхо: аз манбаъхои кушода

error: