Русия ваъда медихад, ки ба тахримхои Чопон посух хохад дод – ИА Караван Инфо
Русия ваъда медихад, ки ба тахримхои Чопон посух хохад дод

Русия ба 25-умин бастаи тахримхои Чопон дар мохи январи соли 2025 чорахои чавоби меандешад. Дар ин бора сафири Россия дар Чопон Николай Ноздрев ба муносибати 100-солагии баркарор гардидани муносибатхои дипломатии байни ИЧШС ва Чопон изхор намуд.

«25-умин бастаи тахримхои гайриконуни алайхи кишвари мо тасдики навбатии пойбандии Токио ба курси зидди Русия гардид», – кайд намуд дипломат. Вай афзуд, ки чунин икдоми маъмурияти сарвазир Шигеру Ишиба аз дурандешии рахбарияти Чопон шаходат медихад.

Тахримхои Чопон, ки рузи 10 январ тавсиб шуд, бастани дороихои 11 нафар, 29 созмон ва се бонки Русияро дар бар мегирад. Хамчунин барои 22 ширкати руси, инчунин 31 ширкат аз Чин, АМА, Туркия ва дигар кишвархо содироти мол манъ намуда шудааст. Ба руйхати махсулоти манъшуда 334 номгуи нав дохил намуда шуд.

Ба гуфтаи Ноздрев, Москва чунин икдомхоро бечавоб намегузорад:

“Мо борхо Токиоро огох намуда будем: амалхои душманона дар хеч сурат бетаъсир намемонанд. Хама карорхои мо бенихоят санчида шудаанд, на хатман симметри, балки бо махдудиятхои мушаххаси Чопон алокаманданд. Аллакай як катор тадбирхо андешида шуданд ва чунин корхо идома хоханд ёфт».

Муносибатхои Русия ва Чопон бар асари тахримхои Гарб печида шудааст, аммо Москва мегуяд, ки агар Токио мавкеъашро тагйир дихад, ба муколама омода аст.

Сурат: аз манбаъхои кушода

error: