Рузхои синамои чопон дар Душанбе – ИА Караван Инфо
Рузхои синамои чопон дар Душанбе

Сафорати Чопон дар Точикистон хамаи дустдорони синаморо ба Фестивали синамои чопон, ки 21-22 феврали соли 2025 дар кинотеатри “Ватан” (шахри Душанбе) баргузор мешавад, даъват менамояд.

Муовини аввали директори Муассисаи Давлатии “Точикфилм” Толиб Гайбуллозода кайд намуд, ки ин нахустин чашнвораи расмии синамои чопон дар Точикистон аст, ки дар доираи он тамошобинони точик метавонанд филмхои бадеии истехсоли синамосозони чопонро тамошо кунанд.

“Хоби апрел, ки се сол давом намуд”, “Хатхое, ки маро инъикос мекунанд” ва “Бахори магозаи Тофу Такано” филмхои чопони мебошанд, ки дар кинотеатри “Ватан” намоиш дода мешаванд.

Фестивал ба дустдорони синамои чахони ва дустдорони фарханги чопон имконият медихад, ки бо эчодиети нави кинематографии ин давлат шинос шаванд.

АКСХО: Муассисаи Давлатии”Точикфилм”

error: