Душанбе, 16 июн, АИ Караван Инфо. 14 июн дар маркази Илмии чумхуриявии хун аксияи васеи супоридани хун бахшида ба рузи чахонии донори хун баргузор шуд. Чорабини аз чониби Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон бо максади чалби таваччухи шахрвандон ба ахамияти хайрияи ихтиёри ташкил намуда шуд.

Вазири тандурустии кишвар Чамолиддин Абдуллозода шахсан бо шароити баргузории аксия ва имкониятхои техникии муассиса шинос шуда, сатхи баланди омодаги ба кабули донорхоро кайд намуд.
Тибки маълумоти ташкилкунандагон, хамаи филиалхои минтакавии Маркази хун дар Хучанд, Бохтар, Хоруг ва нохияи Рашт низ дар аксия иштирок намуда, барои бехатар супоридани хун тамоми шароити заруриро фарохам оварданд.
Мувофики гуфтаи мутахассисон, супоридани мунтазами хун ба навсозии хучайрахо мусоидат мекунад, метаболизмро бехтар мекунад ва барои пешгирии беморихо, аз кабили беморихои ишемияи дил, сакта, сироятхо ва гафсшавии хун мусоидат мекунад. Хамин тарик, донори барои кабулкунанда ва худи донор фоидаи дукарата дорад.
Рузи чахонии донори хун, ки соли 2005 таъсис ёфтааст, хамасола санаи 14 июн чашн гирифта мешавад. Хадафи он баланд бардоштани огохии ахоли дар бораи ахамияти хун ва изхори миннатдори ба донорхое мебошад, ки хаетро ройгон начот медиханд.
Дар солхои охир таваччухи шахрвандони Точикистон ба хайрия ба таври назаррас афзудааст ва баргузории чунин чорабинихо ба рушди минбаъдаи фарханги рахмдили ва гамхории саломатии миллат мусоидат менамояд.
Аксхо: аз манбаъхои кушода