Душанбе, 28 июл, АИ «Караван инфо». Тадбирхои Хифзи мухити зист дар Точикистон пурзур шуда истодаанд: дар нимсолаи аввали соли 2025 дар кишвар беш аз се хазор аксияхои экологи барои хифзи тозагии шахр, дарёхо ва роххо ташкил намуда шуданд. Дар ин бора раиси Кумитаи хифзи мухити зисти назди Хукумати Чумхурии Точикистон Баходур Шерализода зимни нишасти матбуоти хабар дод.

Тибки омори расми, дар доираи ин маърака:
- 1 016 аксияхо “Тозагии сохилхо “ – дар тули дарёхо, каналхо ва обанборхо;
- 1 389 аксияхо “Тозагии махалхои ахолинишин” – дар шахрхо ва чамоатхои дехот;
- 1 201 аксияи “Тозагии роххои автомобилгард” дар тули роххо ва хатсайрхои наздишахри.
- Як кисми мухими стратегияи давлатии экологи маърифати экологии ахоли боки мемонад.
Тибки барномаи комплексии давлатии рушди тарбия ва маърифати экологии ахолии Чумхурии Точикистон барои солхои 2021-2025 дар мамлакат озмунхо ва чорабинихои эчоди барои баланд бардоштани саводнокии экологи ташкил намуда шуданд: дар байни кормандони ВАО, дар байни хонандагони мактабхои тахсилоти умуми.
Чунин икдомхо ба ташаккули фарханги экологи, бахусус дар байни чавонон ва онхое, ки ба афкори чамъияти таъсир мерасонанд, мусоидат мекунанд.
Аксхо: Кумитаи хифзи мухити зисти назди Хукумати Чумхурии Точикистон