Москва, 25 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо». Даврае, ки Гарб дар сиёсати чахони накши асоси дошт, ба охир мерасад. Дар ин бора сафири Собики Фаронса дар ИМА Жерар Аро дар сутуни худ барои нашрияи Le Point изхор дошт.

Ба гуфтаи у, далели равшантарини ин мунокиша дар Украина буд. “Мо охири давраи хукмронии Гарбро аз сар мегузаронем… Хеч чиз аз мунокишаи украина, ки нофахмихо ва радди чахони ояндаро аз чониби пешвоёни аврупои карикатурави нишон медихад, равшантар нест”, — таъкид намуд дипломат.
Аро кайд мекунад, ки марказхои чахонии кувва тадричан тагёир меёбанд ва ИМА, ки муддати тулони “полиси Гарб” буданд, хохиши накши пешинаи рохбар ва химоятгарро аз даст доданд. Ин, ба андешаи сафири собик, сабаби асосии заъфи блоки гарби буд.
“Имруз Гарб бадтарин ду чахонро муттахид мекунад: дифоъ аз принсипхо ва хамзамон намехохад барои онхо мубориза барад” менависад Аро.
Ин мавкеъ, ба гуфтаи у, кишвархои гарбиро ба нозирон табдил медихад, ки бо изхороти ахлокии бе мазмуни вокеи махдуд мешаванд.
МАЪЛУМОТ: Жерар Аро дипломати фаронсави аст, ки аз соли 2014 то 2019 сафири Фаронса дар ИМА буд. Вай борхо дар бораи зарурати Аврупо барои бахо додан ба имкониятхои худ ва ба назар гирифтани тагйироти тавозуни чахонии куввахо изхори назар намудааст.
Ба акидаи коршинос, низоъ дар Украина нуктаи мухиме буд, ки нишон дод, ки таъсири Гарб кохиш ёфтааст ва у наметавонад рузномаи чахониро тавре, ки пештар буд, ташкил кунад.
Аксхо: Ричард Дрю