Бюрои институтхои демократи ва хукуки башари САХА хабар дод, ки мачбур аст, ки рисолати мушохидаи интихоботи парлумонии Точикистонро “ба сабаби набудани кафолати аккредитатсияи нозирони байналмилали” бекор кунад, гуфта мешавад дар изхороти расмии БДИПЧ.

“Набудани кафолатхои расми, ки нозирони мо метавонанд кори худро камтар аз як мох пеш аз интихобот ичро кунанд, баромади моро аз миссияи назорати ногузир сохт” гуфт Директори БДИПЧ Мария Телалян.
Интихоботи палатаи поёнии Парлумони Точикистон рузи 2 март баргузор мешавад.
“Харчанд миссияи мушохидаи интихобот хануз 22 январ кушода шуда буд, гурухи коршиносони вокеъ дар Душанбе натавонистанд ба кор шуруъ кунанд. Номуайянии тулони дар атрофи аккредитатсия тамомияти ин равандро халалдор мекунад”, – гуфта мешавад дар изхорот.
Интихоботи парлумонии чумхуриро бояд 20 нозири дарозмуддат ва 150 нозири кутохмуддат назорат менамуданд.
Созмон таъкид намуд, ки онхо ба дастгирии демократия дар Точикистон содик мемонанд.
Аксхо: аз манбаъхои кушода