ОСТОНА, 03 феврал АИ «Караван инфо». Ба қазоқистониҳое, ки ба ҳиндустон сафар намуданӣ буданд, тавсия дода шуд, ки дар робита ба ошкор шудани ҳолатҳои сироятёбии вируси Нипах дар Иёлати Бенгали Ғарбӣ чораҳои эҳтиётӣ андешанд. Тибқи маълумоти маркази Миллии тандурустии ҷамъиятии ҶҚ, дар минтақа панҷ бемор ба қайд гирифта шудааст.

Вируси Нипах ба сироятҳои хатарноки зоонозӣ мансуб аст. Он ба одамон аз кӯршапаракҳо ва хукҳо, тавассути хӯрокҳои олуда ва инчунин дар тамоси наздик бо шахси сироятёфта мегузарад. Азбаски ваксина ва табобати мушаххаси ин вирус ҳанӯз вуҷуд надорад, диққати асосӣ ба пешгирӣ равона намуда шудааст.
Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки аз тамос бо ҳайвоноти ваҳшӣ ва кишоварзӣ худдорӣ намуда, гигиенаи шахсиро қатъиян риоя карда, танҳо оби бехатар истеъмол карда шавад, шарбати хоми хурморо нанӯшида ва меваю сабзавотро бодиққат шустан лозим. Дар сурати пайдо шудани табларзаи баланд, сулфа ё дарди шадиди сар пас аз сафар, фавран ба духтур муроҷиат карда дар минтақаи хавф хабар додан лозим аст.
Аксҳо: Freepik
