Душанбе, 29 декабр, 2025 – АИ «Корвон Иттилоот». Дар пойтахти Тоҷикистон татбиқи пайгиронаи сиёсати беҳсозии экологии муҳити шаҳр идома дорад. Дар доираи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанбе беш аз 500 бех ниҳоли ороишии навъи санавбар шинонида шуд.

Тавре Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, корҳои ниҳолшинонӣ таҳти назорати мутахассисони соҳавӣ ва бо риояи пурраи талаботи агротехникӣ анҷом дода шуданд. Ин омил заминаи мустаҳками сабзиши устувор ва дарозмуддати ниҳолҳоро дар шароити шаҳр фароҳам меорад.
Шинонидани дарахтони сӯзанбарг, аз ҷумла санавбари ороишӣ, барои муҳити шаҳрӣ аҳамияти стратегӣ дорад. Ин навъи ниҳолҳо дар тозакунии ҳаво, коҳиши чанг ва садо, инчунин дар ташаккули иқлими мусоиди шаҳрӣ нақши муҳим мебозанд. Дар шароити афзоиши ҳаракати нақлиёт ва зичии сохтмон, чунин тадбирҳо беш аз пеш муҳим мегарданд.
Ин иқдом дар доираи маъракаи ҳамасолаи густурдаи кабудизоркунӣ амалӣ мегардад, ки тибқи дастуру супоришҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ роҳандозӣ шудааст. Ҳадафи асосӣ — ба «шаҳри сабз» табдил додани пойтахт ва мутобиқ сохтани он ба меъёрҳои муосири экологӣ ва шаҳрсозӣ мебошад.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
