Душанбе, 23 декабр, 2025 – АИ «Корвон Иттилоот». Шаҳри Санкт-Петербург бори дигар ба минбари муколамаи ғайрирасмии роҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил табдил ёфт. Рӯзи 22 декабр дар Толори Александровии Қасри Зимистона мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои узви ИДМ баргузор гардид, ки онро Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ифтитоҳ намуд. Дар ин ҳамоиш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок кард.

Қисми ғайрирасмии саммит бо сайри шиносоӣ аз Осорхонаи давлатии Эрмитаж оғоз ёфт. Роҳбалади ин экскурсия директори генералии Эрмитаж Михаил Пиотровский буд, ки ба роҳбарони давлатҳо мероси таърихию фарҳангии марбут ба сарнавишти муштараки халқҳои фазои пасошӯравиро муаррифӣ намуд.
Баъд аз экскурсия сарони давлатҳо дар фазои озод сари субҳона суҳбатро идома дода, барномаи консертиро тамошо карданд. Ба иттилои агентии «Интерфакс», маҳз ҷузъи фарҳангӣ ба унсури асосии ин мулоқоти ғайрирасмӣ табдил ёфт.
Пештар Владимир Путин зимни мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон дар Бишкек ваъда дода буд, ки барои роҳбарони кишварҳои ИДМ дар Санкт-Петербург барномаи ҷолиби фарҳангӣ омода мекунад ва таъкид намуда буд, ки аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар Русия осори зиёди дорои арзиши таърихию фарҳангӣ барои ҳамаи ҷумҳуриҳо боқӣ мондааст.
Котиби матбуотии Президенти Русия Дмитрий Песков қаблан хабар дода буд, ки дар доираи ин сафар Владимир Путин ният дорад бо ҳамаи роҳбарони даъватшудаи кишварҳои ИДМ мулоқотҳои ҷудогона анҷом диҳад. Ин нукта нишон медиҳад, ки ҳатто формати ғайрирасмӣ дорои муҳтавои амалии сиёсӣ мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21 декабр ба Санкт-Петербург сафар кард. Дар ин сафар ӯро вазири корҳои хориҷӣ, ёвари Президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар мулоқоти ғайрирасмӣ инчунин роҳбарони Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, ҳамчунин сарвазири Арманистон Никол Пашинян иштирок доранд. Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бинобар серкории ҷадвали корӣ натавонист дар саммит ҳузур ёбад.

Мулоқотҳои ғайрирасмии роҳбарони кишварҳои ИДМ тибқи анъана ҳар сол дар поёни декабр дар Санкт-Петербург баргузор мегарданд ва на танҳо барои муошират, балки барои ҷамъбасти натиҷаҳои сол низ хизмат мекунанд.
Соли гузашта Эмомалӣ Раҳмон дар чунин ҳамоиш ба афзалиятҳои раёсати Тоҷикистон дар ИДМ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, такмили фаъолияти созмон, таҳкими нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ ва рушди рӯзномаи иқтисодӣ, экологӣ ва фарҳангӣ-инсониро аз вазифаҳои калидӣ номида буд.
Саммити имсола дар пасманзари рӯзномаи пуршиддати дипломатии минтақа баргузор мешавад. Рӯзи 21 декабр ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё доир гардид. Илова бар ин, дар Санкт-Петербург маросими супоридани Ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой ба роҳбарони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон — Эмомалӣ Раҳмон, Садир Жапаров ва Шавкат Мирзиёев баргузор шуд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
