Саратов олимони ҷавонро аз тамоми ҷаҳон қабул мекунад: форуми “Илми оянда-илми ҷавонон” уфуқҳои навро мекушояд – ИА Караван Инфо
Саратов олимони ҷавонро аз тамоми ҷаҳон қабул мекунад: форуми "Илми оянда-илми ҷавонон" уфуқҳои навро мекушояд

МОСКВА, 25 сентябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Дар Саратов форуми Илмии X – и умумирусиягии ҷавонон «Илми оянда- илми ҷавонон» ва конфронси VI Байналмилалии илмӣ «Илми оянда» оғоз ёфт.

Дар ин сол мавзӯи асосии чорабинӣ: «Зеҳни Сунъӣ ва инсон: мушкилоти гуманитарӣ дар давраи технологӣ» мебошад.

Зиеда аз 600 муҳаққиқони ҷавон ва олимони пешқадам аз саросари ҷаҳон барои муҳокимаи дурнамои илм ва технология ҷамъ омаданд.

Ердамчии президенти ФР Андрей Фурсенко форумро “лабораторияи зиндаи оянда” номид, ки дар он лоиҳаҳои байнисоҳавӣ таваллуд мешаванд ва истеъдодҳои ҷавон дастгирӣ намуда мешаванд.

“Бигзор мубоҳисаҳо шадид, ғояҳо ҷасур ва натиҷаҳо пурмазмун бошанд”гуфт ӯ.

Муовини раиси ҳукумат Дмитрий Чернишенко нақши Даҳсолаи илм ва технологияро дар рушди самтҳои инноватсионӣ, ба монанди ЗС ва генетика қайд намуд.

Муовини вазири илм Денис Секиринский се хусусияти асосии форумро ҷудо намуд: аҳамияти мавзӯъҳо, экспертизаи баланди иштирокчиён ва пайдарпаии байни наслҳои олимон.

Академики Академияи илмҳои Русия Григорий Трубников дар бораи ояндаи физикаи энергияҳои баланд лексия хонда, ғолибони озмуни Умумирусиягиро ба сайри коллайдери NICA даъват намуд.

Дар доираи форум зиёда аз 50 чорабинӣ ҷаласаҳои умумӣ, сессияҳои стратегӣ, мизҳои мудаввар ва мастер — классҳо баргузор мешаванд. Финал озмуни корҳои илмӣ-тадқиқотии донишҷӯён ва аспирантон хоҳад буд, ки ба он 3 ҳазор дархост аз 20 кишвари ҷаҳон ворид шудааст.

Форуми “Илми оянда-илми ҷавонон” дар Русия зиёда аз даҳ сол боз баргузор мешавад ва ба дастгирии олимони ҷавон, рушди илми бунёдӣ ва амалӣ, инчунин таҳкими ҳамкории байналмилалии илмӣ равона шудааст.

Озмуни корҳои илмӣ – тадқиқотӣ одатан лоиҳаҳои ояндадорро ошкор мекунад, ки сипас дар барномаҳои илмии ҷаҳонӣ иштирок мекунанд ва аз ҷониби давлат дастгирӣ намуда мешаванд.

Аксҳо: хадамоти Матбуоти ДДУ ба номи Н.Г. Чернишевский

error: