Сарвари давлат ҷаласаи Шӯрои Амниятро баргузор намуд – ИА Караван Инфо
Сарвари давлат ҷаласаи Шӯрои Амниятро баргузор намуд

ОСТОНА, 2 январ АИ «Караван Инфо». Президенти Қазоқистон Қасим-Жомарт Токаев ҷаласаи Шӯрои Амниятро бахшида ба масъалаҳои эътимоднокӣ ва рушди устувори системаи миллии энергетикӣ баргузор намуд. Дар ҷараени мулоқот гузоришҳои вазири энергетика Ерлан Аккенженов, вазири захираҳои об ва обёрӣ Нурҷон Нурҷигитов, инчунин роҳбарони мақомоти профилии давлатӣ шунида шуданд.

Сарвари давлат таъкид намуд, ки дар шароити муосир амнияти энергетикӣ омили асосии суботи иқтисодӣ ва соҳибихтиёрии мамлакат мебошад. Вай қайд кард, ки захираҳои мавҷуда дар маҷмӯъ барои таъмини талаботи дохилии нерӯи барқ кофӣ мебошанд, аммо афзоиши истеъмол истифодаи самараноктар ва оқилонаи иқтидорҳои мавҷударо талаб мекунад.

Ба инкишофи истехсоли усулӣ, васеъ намудани стансияхои электрикии газӣ, чорӣ намудани системахои захира кардани энергия ва фаъолонатар истифода бурдани иктидори гидроэнергетика диккати махсус дода шуд. Президент инчунин, аҳамияти истифодаи васеъи технологияҳои каммасрафро дар соҳаи кишоварзӣ, саноат ва дигар бахшҳои иқтисодиёт қайд кард.

Масъалаҳои рушди илмӣ-техникӣ ва тайёр намудани кадрҳои соҳибтахассус, аз ҷумла барои тадқиқоти илмӣ дар соҳаи гидроэнергетика алоҳида баррасӣ намуда шуданд. Дар натиҷаи ҷаласа ба Ҳукумат ва ҳокимҳои минтақаҳо супоришҳои мушаххас дода шуданд, ки ба таҳкими ҳамаҷонибаи устувории соҳаи энергетикии кишвар равона намуда шудаанд.

Аксҳо: Акорда

error: