Сарвазири Чопон Фумио Кисида тасмим гирифт, ки истеъфо дихад ва дар интихоботи рохбарияти хизби Либерал-демократи (LDP), ки мохи сентябр баргузор мешавад, иштирок накунад. Ин маънои онро дорад, ки дар Чопон сарвари нави хукумат интихоб намуда мешавад. Кисида ин вазифаро се сол ичро намуд.
Изхороти сарвазир дар пасманзари мочарои коррупсиони, ки фраксияхо ва вакилони парлумони Чопон ба он чалб намуда шуданд, садо дод. Онхо хайрияхои сиёсиро азхуд намуданд, ки боиси истеъфои чор вазир ва шаш муовини мохи январ шуд. Ин гараз ба сатхи эътимод ба хукумат дар байни шахрвандон таъсири манфи расонид: рейтинги Кисида то 30% кохиш ёфт.
Илова бар ин, Чопон дар аввали сол ба таназзул дучор шуд ва макоми сеюмин иктисоди бузурги чахонро аз даст дод, ки дар натичаи суст шудани пули милли, кохиши шумораи ахоли ва хосилнокии мехнат ба амал омад. Вазъиятро офатхои табиии кишвар бадтар мекунанд.
Фумио Кисида, дар шархи карори худ кайд намуд: “Фикри тарки вазифа аз лахзаи бори аввал рух додани мочарои чамъоварии маблаг пайдо шуд. Хамчун рохбари хизби хоким, ман дарег надорам, ки ин вазъро ба ухда гирам. Рафтани ман кадами аввалинест, ки исбот мекунад, ки хизби Либерал-демократи тагйир хохад ёфт.”
Аксхо: аз бойгонии Gonzalo Fuentes