Сенат конунро дар бораи таъсиси фондхои эндаумент дар Казокистон тасдик намуд – ИА Караван Инфо
Сенат конунро дар бораи таъсиси фондхои эндаумент дар Казокистон тасдик намуд

ОСТОНА, 13 июн АИ «Караван Инфо». Сенати Парлумони ЧК конунро “дар бораи фондхои сармояи максаднок ва фондхои эндаумент” тасдик намуд, ки ба дастгирии устувори сохаи ичтимои, маориф, илм ва тиб аз хисоби даромади сармоягузори равона шудааст.

Хуччат бо супориши Президент дар Паёми соли 2022 ва дар чаласаи шурои миллии илм дар мохи апрели соли 2023 тахия шудааст. Конуни нав барои ташаккули фондхои эндаумент – сармояи максаднок, ки аз хисоби пасандозхои шахсони хукуки ва вокеи пур намуда мешаванд, заминаи хукуки фарохам меорад.

Фондхо хамчун ташкилотхои гайритичорати амал мекунанд ва аз чониби иштирокчиёни касбии бозори молияви идора намуда мешаванд. Дороихои онхо метавонанд пул, когазхои киматнок, амволи гайриманкул ва моликияти зехниро дар бар гиранд.

Маблагхои сармоягузории фондхо барои дастгирии тадкикоти илми, маориф, хизматрасонихои тибби, варзиши оммави ва хифзи ичтимои равона намуда мешаванд. Конун шаффофият, хисоботдихи ва химояи хукуки пасандоздоронро пешбини мекунад.

Интизор меравад, ки кабули конун заминаи устувори молиявиро барои рушди самтхои афзалиятнок фарохам орад.

Аксхо: ВФТО ЧК

error: