Душанбе, 02 июн, «АИ Караван» Инфо. “Бо сабаби тагйирёбии иклим, инсоният аллакай такрибан сеяки яхбандии кухиро аз даст додааст. Ва ин раванд танхо дар сурате суръат мегирад, ки агар фавран чора андешида нашавад”, — изхор дошт Дабири кулли Иттиходи Давлатхои Мустакил Сергей Лебедев дар конфронси байналмилалии сатхи баланд оид ба хифзи пиряххо, ки дар Душанбе баргузор мешавад.

Вай рамзи баргузории чунин чорабинии мухимро махз дар Точикистон — кишваре таъкид намуд, ки бо ташаббуси он соли 2025 аз чониби Ассамблеяи Генералии СММ соли Байналмилалии хифзи пиряххо эълон намуда шуд. Лебедев ёдовар шуд, ки Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш Точикистонро борхо дар масоили захирахои об ва хифзи пиряххо пешвои чахони номидааст.
“Обшавии пиряххо ба кохиши захирахои мавсимии об оварда мерасонад, ки ба обтаъминкуни, обёри, гидроэнергетика ва дар нихоят ба кишоварзи, амнияти озукавори ва устувории энергетики таъсир мерасонад”, — кайд намуд Лебедев.
Вай махсусан таъкид намуд, ки агар дар асри XX низоъхо аз сабаби нафту газ сар зада бошанд, имруз дар маркази мубориза об аст.
“Масъалахои об дар Осиёи Маркази як мушкили минтакави аст, ки онро танхо хал намудан гайриимкон аст. Кадамхои муштарак, созишхо ва идоракунии устувор лозиманд ” гуфт у.
Дабири Кулли ИДМ кайд намуд, ки кишвархои Осиёи маркази дар ташаббусхои байналмилали ва минтакави, аз чумла барномахои ИДМ фаъолона иштирок мекунанд.
Сергей Лебедев хотиррасон намуд, ки дар доираи Стратегияи рушди иктисодии ИДМ то соли 2030, инчунин дар накшаи чорабинихо барои солхои 2021-2025 пешбини шудааст:
- тахияи тахкикоти муштарак оид ба холати пиряххо;
- татбики хадафхои дахсолаи Байналмилалии “Об барои рушди устувор”;
- хамкории мутакобила дар сохаи мониторинг, амнияти экологи ва истифодаи табиат.
Ин вазифахо тавассути шурои байнидавлатии экологи ва Шурои гидрометеорологияи ИДМ амали намуда мешаванд.
Ба акидаи коршиносон, принсипхои дар доираи ИДМ ташаккулёфта метавонанд асоси меъёрхо ва карорхои нави байналмилали оид ба таксимоти одилонаи захирахои об дар минтака, бо назардошти тавозуни манфиатхо ва хусусиятхои иклими бошанд.
Дар конфронс олимон, коршиносони байналмилали, сиесатмадорон ва дипломатхо иштирок мекунанд. Дар байни мавзуъхои асоси мониторинги пиряххо, тахкикоти илми, маблаггузории устувор ва хамкории байналмилали мебошанд.
Натичаи асосии интизоршаванда кабули эъломияи Душанбе оид ба пиряххо мебошад, ки бояд даъват ба амалиети фаври дар сатхи чахони гардад.
АКСХО: аз манбаъхои кушода