ОСТОНА, 7 октябр АИ «Караван Инфо». Муборизи қазоқистонӣ Шавкат Раҳмонов овозаҳои дар ВАО паҳншударо дар бораи анҷоми касб ва эҳтимоли тарки UFC рад намуд. Пештар баъзе нашрияҳои хориҷӣ хабар доданд, ки варзишгар гӯё бо сабаби ҷароҳат баромад намуданро қатъ мекунад. Аммо мураббӣ ва менеҷери мубориз ин маълумотро дурӯғ номиданд.

Худи Раҳмонов муддате вазъиятро шарҳ надод, аммо баъдтар дар шабакаи иҷтимоии Х изҳори назар намуд ва гуфт:
“Ман ҳар рӯз ба машқҳо машғул мешавам. Бозгашти ман ба зудӣ аст ман интизор шуда наметавонам, ки дубора ба октагон бароям.
Бо ин хабар варзишгар тасдиқ намуд, ки ба мансаби ӯ ҳеҷ чиз таҳдид намекунад ва барқароршавӣ тибқи нақша идома дорад.
Расонаҳои аврупоӣ аллакай рақибони эҳтимолии Қазоқистониро муҳокима мекунанд. Интизор меравад, ки Раҳмонов дар моҳи январ ё феврали соли 2025 муборизаи навбатӣ баргузор кунад. Бозгашти у метавонад бо оғози шартномаи нави ҳафтсола байни UFC ва paramount media holding, ки беш аз 7 миллиард доллар арзиш дорад, рост ояд.
Аксҳо аз манбаъҳои кушода