Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Эрон ҳамкориро тақвият медиҳанд – ИА Караван Инфо
Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Эрон ҳамкориро тақвият медиҳанд

Роҳбари ширкати сайёҳии “Саразм-5500”-и Панҷакент дар конфронси “Roadshow Tajikistan-Iran”, ки дар сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор шуд, ширкат кард. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар доданд.

Ширкатҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ширкати сайёҳии «Саразм-5500» ва Ҷумҳурии Исломии Эрон барои густариши ҳамкорӣ созишномаҳо ба имзо расониданд.

Таъкид шуд, ки  сайёҳони Эрон ба ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон, аз ҷумла Панҷакент таваҷҷуҳи зиёд доранд.

Ёдовар мешавем, ки аз 10 августи соли 2024 миёни Тоҷикистону Эрон дар хатсайри  Душанбе-Теҳрон низоми бидуни раводид амал мекунад, ки дар рушди сайёҳии дар ҳарду кишвар саҳм мегузорад. АКС: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

error: