Дар Олмон бахсхои телевизионии пешазинтихоботи байни канслер Олаф Шолтс ва ракиби асосии у Фридрих Мертс баргузор шуданд. Сиёсати ИМА дар маркази мухокима карор гирифт, аз чумла накшахои Доналд Трамп барои чори намудани бочхо барои воридот аз ИА, кучонидани фаластинихо аз Газза ва изхороти у дар бораи Гренландия ва Панама.

Шолтс таъкид намуд, ки Олмон дар сурати чори шудани монеахои нави тичорати аз чониби Вашингтон ба чорахои шадиди чавоби омода аст. “Мо ба ин омодаем” гуфт у ва илова намуд, ки Брюссел метавонад дар давоми як соат вокуниш нишон дихад.
Рохбари СДПГ инчунин пешниходи Трампро дар бораи кучонидани ахолии Газза “гаразнок” ва хилофи хукуки байналмилали номид. Фридрих Мертс, намояндаи ПДМ, изхори нигарони намуда, кайд намуд, ки “аз Вашингтон риторикаи зиёд меояд”, аммо холо бояд амалхои мушаххасро интизор шуд.
Акидаи Трамп дар бораи пайвастани Гренландия ва канали Панама ба ИМА низ беэътинои нанамуд. Вай каблан изхор дошт, ки чазира барои амнияти миллии кишвар ахамияти стратеги дорад. Дар посух, Шолтс ахамияти вахдати аврупоро таъкид намуд ва изхор дошт, ки Олмон афзоиши хузури НАТО дар минтакаро дастгири мекунад.
Бахсхо ба масъалахои дохили, аз чумла иктисод ва мухочират дахл намуданд. Шолтс Ба Мертс изхороти гузаштаи худро дар бораи хамкории эхтимоли бо хизби ултрахукуки “Алтернатива барои Олмон” хотиррасон намуд, аммо ракиби у чунин фарзияхоро рад намуд.
Маъракаи Интихоботи дар Олмон чараён мегирад ва натичахои бахс метавонанд ба натичаи интихоботи пеш аз мухлати Бундестаг таъсир расонанд.
Аксхо: аз манбаъхои кушода