Остона, 09 декабри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Дар Қазоқистон шумораи трансплантатсияи узвҳо аз донорҳои пас аз марг дар соли 2025 нисбат ба соли гузашта 2,6 маротиба афзудааст. Дар ин бора Раиси маркази ҷумҳуриявии ҳамоҳангсозии трансплантатсия Айдар Ситказинов дар маҷлиси дастгоҳӣ дар Вазорати Тандурустӣ изҳор дошт.

Шумораи донорҳои муосир дар 10 моҳи соли 2025 қариб ду баробар афзуда, аз 6 то 16 нафарро ташкил дод. Шумораи розигии донорӣ, ки дар хадамоти давлатии қазоқистон ба қайд гирифта шудааст, 63% афзоиш ефтааст.
“Афзоиши фаъолияти амалиетӣ бо тавсеаи инфрасохтор дастгирӣ намуда мешавад: ҳоло дар кишвар 11 маркази трансплантатсия ба ҷои 7 соли пеш фаъолият мекунад”, – қайд намуданд Вазорати Тандурустӣ.
Дар ин ҳолат дар рӯйхати интизорӣ барои гузаронидани пайвандсозии узвҳо 4521 нафар боқӣ мемонанд. Марги беморони интизорӣ 4,6% коҳиш ёфтааст.
Аксҳо: Вазорати Тандурустии ҶҚ
