Душанбе, 29 июл, АИ «Караван Инфо». Аз 23 то 30 июл дар Чумхурии Мардумии Чин барномаи байналмилалии чавонон бо номи “Симфонияи чавонии рохи Абрешим ва мулокот дар Чин барои сулх” баргузор мешавад. Дар чорабини намояндагони Кишвархои Осиёи Маркази, Озарбойчон ва Чин, аз чумла хайати чавонони Чумхурии Точикистон иштирок мекунанд.

Барнома, ки дар доираи густариши хамкорихои башардустона ташкил шудааст, ба тахкими робитахои дустона ва фархангии чавонони минтака, рушди муколамаи фархангхо ва мусоидат ба сулху суботи минтакави равона шудааст. Вохурихо дар се шахри чин — Пекин, Юйлин ва Чжэнчжоу баргузор мешаванд.
Хайати точикистон аллакай ба шахри Юйлини вилояти Шэнси сафар намуда, дар як катор чорабинихои фарханги ва таълими ширкат варзидааст. Чавонон бо мероси бойи таърихи ва фархангии минтака шинос шуданд: иштирокчиён ба Осорхонаи суруди халкии Шэнси Шимоли ташриф оварданд, кисми барномаи интерактивии мусики ва раксии Янгэ шуданд ва инчунин дар доираи сайри шабона бо мероси гайримодди дар кучаи таърихии Юйлин шинос шуданд: санъати аппликатсияи когази, кандакорихои чуби ва бофтани анъанавии мачнунбед.
Барнома дар дигар шахрхои Чин идома хохад ёфт. Дар пеш вохурихо бо донишчуёни Донишгоххои олии чин, намоишгоххои санъати анъанави, мусобикаи каикхои “Аждахо”, экскурсияхо ба марказхои инноватсиони, ташриф овардан ба осорхонахо ва иншоотхои ахамияти таърихи ва фарханги.
Чунин хамкории байналмилалии чавонон барои хамдигарфахмии амики байни халкхо асос шуда, ба иштирокчиён имконият медихад, ки малакахои рохбари, мубодилаи тачриба ва пешбурди арзишхои чахон ва гуногунии фархангиро инкишоф диханд.
АКСХО: Кумитаи кор бо чавонон ва варзиши назди Хукумати Чумхурии Точикистон