Душанбе, 23 декабр, 2025 – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Тоҷикистон сиёсати сабзу хуррамгардонӣ ва ҳифзи муҳити зист ба таври пайгирона амалӣ мегардад. Яке аз намунаҳои равшани ин раванд маъракаи васеи ниҳолшинонӣ мебошад, ки 20 декабр дар талу теппаҳои канори шоҳроҳи Душанбе–Рӯдакӣ–Ваҳдат баргузор гардид.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд, чорабинӣ дар доираи тадбирҳои ободонӣ ва сабзу хуррамгардонии роҳу шоҳроҳҳои мамлакат баргузор шуд.
Дар ҷараёни маърака садҳо бех ниҳоли арча шинонида шуданд. Ин навъи дарахт ба шароити иқлимии минтақа мутобиқ буда, барои сабзиши устувор ва нигоҳдории дарозмуддат мусоид аст.
Масъулини соҳа вазифадор гардиданд, ки нигоҳубини минбаъдаи ниҳолҳоро таъмин намоянд ва барои сабзишу ҳифзи онҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Тибқи иттилои шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Рӯдакӣ, танҳо дар соли 2025 дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 22 ҳазор бех дарахтони сояафкан, ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шудаанд.
Ин корҳо дар асоси «Барномаи кишвари сабз барои солҳои 2023–2027» амалӣ гардида, тибқи он дар ноҳияи Рӯдакӣ дар солҳои наздик садҳо ҳазор бех дарахту буттаҳо шинонда мешаванд.
Ниҳолшинонӣ дар канори роҳҳои асосии кишвар на танҳо симои зебои табиатро шакл медиҳад, балки ба беҳтар гардидани иқлим, коҳиши ғубору чанголудӣ ва таҳкими устувории муҳити зист мусоидат менамояд.
Чунин иқдомҳо нишон медиҳанд, ки ҳифзи табиат ва сабзгардонии кишвар имрӯз ба як унсури муҳими сиёсати рушди устувори миллӣ табдил ёфтааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ.
