МОСКВА, 26 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо». Дар назди Кохи Сафед дар Вашингтон полис собикадори артиши ИМА-ро боздошт намуд, ки парчами амрикоро оташ зад.
Аксия эътироз ба фармони президент Доналд Трамп буд, ки барои чунин амалхо чазои чинояти пешбини мекунад.

Ходиса пас аз имзои хуччат рух дод. Тадбири нав бо карори Суди Олии ИМА, ки каблан хукуки шахрвандонро барои сузонидани парчам хамчун шакли ифодаи сиёси мустахкам намуда буд, мухолифат намуд.
Тибки иттилои шабакаи телевизионии Fox, ин мард касдан дар наздикии кароргохи президент аксия баргузор намудааст. Макомоти хифзи хукук зуд вайронкунандаро боздошт намуданд, аммо тафсилоти шахсияти у ва чораи минбаъдаи пешгири хануз ошкор нашудааст.
Худи Трамп чори намудани чазоро бо зарурати “химояи рамзхои милли ва арзишхои ватандусти” шарх дод. Дар айни замон, мухолифони карор фармонро кушиши махдуд намудани озодихои конститутсиони меноманд.
Чолиби диккат аст, ки сузонидани парчами амрико борхо дар ИМА мавриди бахси чамъияти карор гирифтааст. Суди оли соли 1989 чунин аксияхоро як кисми озодии баён, ки Конститутсия кафолат додааст, эътироф намуд.
Фармони нави Доналд Трамп вокеан ба ин принсипи хукуки мухолифат мекунад, ки аллакай аз чониби хомиёни хукук ва сиёсатмадорони мухолиф интикод шудааст.
Аксхо: Global Look Press / Роберт Гейс
